Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри —Ланка ва оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон

ДУШАНБЕ, 16.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо натиҷаҳои бобарор анҷом пазируфт.

Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олӣ, намояндагони воломақоми ин кишвар, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Шри — Ланка мулоқот карданд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Коломбо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Шри — Ланка самимона гусел карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ню Деҳлӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти олимақоми ин кишвари дӯст самимона истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин сафар баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Ҳиндустон, дидору суҳбатҳои хосаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвари дӯст, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои дорои аҳамияти байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
31676751985_950fba0741_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31676754905_4dbde55138_z


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>