Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Оғози сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри —Ланка

ДУШАНБЕ, 13.12.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи рӯзи 13 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка бо маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр дар назди Қасри Президенти Шри-Ланка оғоз гардид.

Барои пазироии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Шри — Ланка парафшонӣ доштанд.

Дар расми истиқболи меҳмони олимақом горди президентӣ, оркестри фахрӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҳузур доштанд ва ба ин хотир чорабинии бошукӯҳу хотирмон сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка Майтрипала Япа Сирисена гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Сипас маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди президентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб анҷом ёфт. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд.

Масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена ва музокироти байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистону Шри — Ланка бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки «Мулоқоту вохӯриҳои имрӯза аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо мебошанд ва изҳори умедворӣ менамоям, ки онҳо дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Шри-Ланка саҳифаи наверо боз хоҳанд кард».

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории судманд ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани имконоти фарохи робитаҳо ба манфиати мардумони ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо оид ба дарёфти роҳҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Шри — Ланка табодули андеша карда, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри — Ланкаро мувофиқи мақсад шумурданд. Ҳамчунин ташаккули заминаи ҳуқуқии муносибатҳо омили муҳими истифодаи захираҳо ва имконоти мусоид баҳри тавсеаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду саноат номида шуд.

Зимни мулоқот ҷалби сармояи Шри — Ланка барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи обии барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқи дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозии татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки гуногуни саноатӣ оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қимматбаҳо, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он барои омӯзиш пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масоили ҳамкорӣ дар бахши туризм, рушди саноати туризм, инфрасохтори он ва робитаҳо дар бахши илму маориф баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки туризм ҳам метавонад соҳаи ояндадору фарохи ҳамкорӣ бошад.

Дар доираи ҳамкорӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳалли қазияи Афғонистони ҳамсоякишвари мо ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд доир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Шри — Ланка баҳри дастгирии ташаббуси нави Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» миннатдории самимӣ изҳор доштанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии сатҳи баланди ҳукумат ва мардуми Шри — Ланка изҳори сипос намуданд ва аз ҳамтои худ Майтрипала Япа Сирисена даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари дӯстона ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шри — Ланка Майтрипала Япа Сирисена маросими имзои ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.

Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, 4 санади дуҷониба ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир расид. Имрӯз ҳамчунин мулоқотҳои дигар бо намояндагони воломақоми ин кишвар дар назар дошта шудааст.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773245044_90380217ae_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30804990783_9f1039522b_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31242175880_dca4be39eb_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773261504_83c42109cf_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31242171710_bcc9b19e5c_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31614892365_ae8ba3c63f_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577502546_5b15dcaee5_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577513576_90c2c512d6_k
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30804993993_7fd8424ceb_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577510446_d0e470eabb_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31242165810_f5e42b14e6_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31242186610_98870d9dd7_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773272664_2eab9d1584_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577515346_b30b217827_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31499069351_b93dc2eb30_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577516866_307265f95b_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773269624_0e3b46bb58_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577512426_2bf5e3d730_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773260204_0b2d8477fe_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31242163080_bee12d3761_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30804954673_58e19713d2_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31467989902_244fca60b7_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577500526_a1e84a9527_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31614878595_cea8f8b1f7_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773254204_2287849bed_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31467986882_0a20d5a5cf_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773246424_e710480835_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773247944_bc9ed5a1da_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30773253044_7cf371466f_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30804959163_5d520c8d7f_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31242159030_206c565275_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31467984422_10b78a8b62_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31577515146_e8ccb1e2b8_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31614868195_32385302dc_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31614869825_582481d0b9_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31614871795_cc485924e9_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31614878895_ff0b6b8c3f_z

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>