Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Намояндагони дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон ба Амрико сафар карданд

ДУШАНБЕ, 13.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико намояндагони дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон имрӯзҳо дар ин кишвар қарор доранд. Тавре роҳбари гурӯҳи бонувони Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева-мудири шуъбаи футболи занонаи ФФТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, намояндагони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи барномаи дидорҳои варзишии Амрико ба ин кишвар сафар карда, бо намояндагони футболи бонувони ин давлат масъалаҳои ривоҷу равнақи футболи занонаро баррасӣ мекунанд.
«Аз рӯи ин барнома бонувони футболбози Тоқикистон бо занони варзишгари Амрико ва дастаҳои онҳо дар вилоятҳои гуногун шинос шуда, аз мактабу донишгоҳҳои варзишӣ дидан ба амал меоранд», -хабар дод Дилором Нусратуллоева.
Сафари намояндагони дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Амрико 10 рӯз идома меёбад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>