Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Беларус Созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

$
0
0

Душанбе, 03.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи маориф миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ҷумҳурии Беларус оид ба омода намудани мутахассисон дар зинаи бакалавр созишномаи нав ба имзо расид. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Созишномаи навбатӣ бо факултаҳои кимиё ва физикаи Донишгоҳ рабт дошта, ҳамакнун мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои «Технологияи кимиёии коркарди моддаҳо, мавод ва маҳсулоти ғайриорганикӣ» ва «Технологияи кимёии моддаҳо, мавод ва маҳсулоти органикӣ» омода карда хоҳанд шуд»,-хабар доданд аз ДМТ.
«Тибқи созишномаи мазкур минбаъд донишҷӯён метавонанд, ки ду соли таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ду соли баъдиро дар Донишгоҳи технологии Беларус идома диҳанд»,-илова намуд манбаъ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>