Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи ботаникии Прага ва Қалъаи Конопиште

​Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимаю таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

​Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи ботаникии Трояи Прага ташриф оварда, бо дарахтон, гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои нодири ороишию табобатии он шинос шуданд.

​Боғи ботаникӣ аз якчанд қисм иборат буда, дар баробари парвариши набототи гуногун, он ҳамчунин ба як мавзеъи хушбоду ҳаво барои дӯстдорони табиат ва маҳалли тамошову истироҳати меҳмонону сокинон мубаддал гардидааст.

Ҳудуди боғ 70 гектарро ташкил дода, дар заминҳои талу теппа ҷойгир аст ва дар он парвариши беш аз 7000 навъи ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин дарахтони бисёрсолаву растаниҳои табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо боғи ботаникӣ ба навъҳои дарахтони бисёрсола, ороишӣ ва гулу буттаҳои ба иқлими кишвари мо мутобиқ бештар таваҷҷуҳ карданд. Таъкид гардид, ки барои табодули таҷриба дар самти парвариши ниҳолҳо ва набототи гуногун ҳамкории зичи олимони соҳа зарур аст.

​Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Прага ба Қалъаи таърихии Конопиште ташриф оварданд.

​Қалъаи Конопиште дар асри 13 аз тарафи епископ Тобиаш бунёд шудааст. Охирон соҳиби қалъа дар аввалҳои асри 20 — ум вориси императори австрия Франтс Фердинанд д, Эсте буд.

Зимни шиносоӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии ҳудуди қалъа наздики 225 гектарро ташкил дода, аз боғи дарахтону буттаҳои нодир, боғи садбарг бо муҷассамаҳо иборат аст ва он аз ёдгориҳои қадима, таърихӣ ва фарҳангии Чехия маҳсуб меёбад. Масоҳати бинои дохили қалъа 2800 метри мураббаъ буда, аз 125 толору ҳуҷраҳои гуногунҳаҷм иборат аст. Дар Қалъаи Конопиште 4600 адад силоҳи гуногун ва лавозимоти ҷангии давраи асри 18 нигоҳ дошта шудааст. Инчунин 30 ҳазор адад асбобҳои рузгордории антиқа ҷамъ оварда шудааст. Дар маҷмуъ дар Конопиште беш аз 100 ҳазор нигораҳои нодир аз сайдҳои шикоршуда, зарфу асбобҳои хоҷагӣ, китобу дастхатҳо маҳфуз аст.

Боғи зебои англисӣ, колексияи ашёҳои фарфорӣ, оинабандии толорҳо, ашёҳои гуногун, мизу курсиҳо, аксу мусаввараҳои гаронбаҳо ва нигораҳои нодиру қимматбаҳои аслиҳаи шикории асримиёнагӣ дар ҳудуди Аврупо ва лавозимоти шикорӣ ба Қалъаи Конопиште шуҳрати таърихӣ овардааст ва он то имрӯз ҳамчун қалъаи нодир маҳсуб меёбад.

Баъди тамошои Қалъаи Конопиште бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни халқи чех Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559630173_3e6e5dc86c_z

Image may be NSFW.
Clik here to view.
31252388201_bfce138c8a_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559656453_4bbc17c25e_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559659503_45d1536329_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559657623_7394214a55_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367231325_f66e424dc5_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31252390321_34e851d972_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31252394281_b5ae2bc2e9_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30998199520_37b93cafc5_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30998202160_6992b872f8_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31252389401_42ba44bdbc_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559656113_d0069ca2c3_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559628893_952670c5c2_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559663673_5b28b745be_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559630853_57d9609172_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30559630173_3e6e5dc86c_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30998185230_e206553c73_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30998188020_b2c86cdb59_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30998188720_88e74a2ef9_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30998192080_f76580865b_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31223309312_b90bd876f8_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31223308172_6b1af73bd6_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367235065_f1dd2d6a99_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367238365_c570c4319e_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31223305262_9cd96e59cb_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367240785_9eb665ca40_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367246565_5b013aaa57_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367248955_e54ffd8fe0_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367250245_5afa0e19f7_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
31367252275_94d508d2de_z

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles