Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Дар Душанбе заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд

Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 11:46 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе маркази заминларза дар километри 295-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир будааст.
Қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 баллро ташкил дод.
КҲФ иттилоъ медиҳад, ки бар асари заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>