Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Феълан шахсияти 59 қурбонии суқути ҳавопаймо дар Колумбия, ки бо он дастаи футболи «Шапекоэнсе»-и Бразилия парвоз дошт, муайян карда шуд. Дар ин бора АИР «Новости» бо такя ба гуфтаи директори Донишкадаи тибби судӣ Карлос Валдес хабар дод.
Ба гуфтаи Валдес, миёни қурбониён 52 шаҳрванди Бразилия, 5 шаҳрванди Боливия, 1 шаҳрванди Парагвай ва 1 шаҳрванди Венесуэла будаанд.
«Ҳамин ки ташреҳ ба охир расад, ҷасадҳо дар рӯзҳои наздик ба пайвандонашон дода мешаванд», — зикр кард К. Валдес.
Ҳавопаймо рӯзи сешанбеи гузашта дар мавзеи 50 километр дуртар аз шаҳри Меделинаи Колумбия суқут кард. Дар дохили он 77 нафар — 9 аъзои ҳайати сарнишинон ва 68 мусофир, аз ҷумла бозингарон ва кормандони дастаи футболи «Шапекоэнсе»-и Бразилия, ки барои анҷом додани сабқати ниҳоии Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ бо «Атлетико Насионал» парвоз мекарданд, қарор доштанд. Ҳоло теъдоди наҷотёфтагон 6 нафар арзёбӣ мешавад, ки 3 нафари онҳо бозингарони «Шапекоэнсе» — Алан Рушел, Ҷексон Фолман ва Хелио Сампер Нето мебошанд. Ҳамагӣ 71 нафар ба ҳалокат расидаанд.
↧
Дар Колумбия шахсияти тақрибан 60 қурбонии суқути ҳавопаймо муайян карда шуд
↧