Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

Дар Непал бо қувваи 5,6 балл заминларза ба амал омад

Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шарқи Непал заминларза бо қувваи 5,6 ба амал омад.
Дар ин бора Хадамоти миллии зилзиласанҷии ин кишвар хабар додааст.
Такони аввал соати 05:20 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Маркази заминларза дар марзи ноҳияҳои Солукхумбу ва Рамечхап, тақрибан дар километри 120-уми пойтахти Катманду воқеъ гардида буд.
Тавре ки дар сомонаи хадамот зикр гардидааст, заминларзаи навбатӣ 475-умин такони заминларзаи харобиовари моҳи апрели соли гузашта мебошад, ки дар натиҷаи ду заминларзаи шадид бо шиддати 7,9 ва 7,3 балл наздики 9 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 22 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>