Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Вакилони ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба гирифтани «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Ассамблеяи Байнипарлумонӣ мушарраф гардиданд

$
0
0

Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мирзодавлат Сабуров бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона (АП СААД) сарфароз гардонида шуданд.
АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, ки ҳафтаи гузашта ҳайати парлумонии мамлакат дар ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаҳои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона дар шаҳри Санкт-Петербург фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷумла, дар ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Қонуни моделӣ оид ба иштироки ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар баҳсҳои наздисарҳадӣ», Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзӯи «Оид ба судҳои ҳакамӣ» ва «Санҷиши парлумонӣ», Лутфия Раҷабзода роҷеъ ба мавзӯи «Таъмини ҳуқуқӣ ва амалияи самаранок» маърӯзаҳо карданд, ки аз ҷониби вакилони Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ хуш пазируфта шуданд.

cw0b8386 img_8537


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>