Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Лигаи чемпионҳои Аврупо: Бенасиб гаштани ССКА аз мубориза барои Ҷом ва 12 гол дар бозии «Боруссия» ва «Легия»

Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар оғози бозиҳои даври 5-уми Лигаи чемпионҳои Аврупо ССКА-и Маскав дар майдонаш бо КФ «Байер»-и Олмон дар гурӯҳи «Е» вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 1:1 анҷом дод ва аз мубориза барои Ҷом дар канор шуд.

Дар ин гурӯҳ дастаи «Монако»-и Фаронса «Тотенҳем»-и Англияро дар сафар бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба даври оянда роҳхат гирифт.

Бозии аз ҳама сергол дар таърихи Лигаи чемпионҳо дар шаҳри Дортмунди Олмон ба қайд гирифта шуд.  КФ «Боруссия» дар вохӯрӣ бо дастаи «Легия»-и Лаҳистон дар гурӯҳи « F» ба дарвозаи меҳмони худ 8 тӯб зада, аз дарвозааш 4 тӯб гирифт. Ҳамлагари соҳибони майдон Марко Ройс муаллифи хет-трик гардид.

Дигар натиҷаҳои рӯзи аввали даври 5-ум чунинанд:

Спортинг (Португалия) — Реал (Мадрид, Испания) — 1:2 Гурӯҳи F
Копенгаген (Дания) — Порту (Португалия) — 0:0  Гурӯҳи G
Лестер (Англия) — Брюгге (Белгия) — 2:1  Гурӯҳи G
Севиля (Испания) — Ювентус (Италия) — 1:3  Гурӯҳи H
Динамо (Зг, Хорватия) — Лион (Фаронса) — 0:1  Гурӯҳи H

 

Бозиҳо дар гурӯҳҳои боқимонда имрӯз барпо мегарданд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles