Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин бар асари садама бо иштироки 56 мошин 17 нафар қурбон шуданд, — иттилоъ медиҳад агентии «Синхуа».
Бино ба иттилои манбаъ, ин садама дар музофоти Шанси, дар шоҳроҳи Пекин — Кунмин ба вуқӯъ пайвастааст. Бар асари бархӯрди мошинҳо ҳамчунин 37 нафар осеб дидаанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ба садама барфу борон боис гардидаанд. Ҳолатҳои ин ҳодиса муайян мешаванд.
↧
Дар Чин бар асари бархӯрди 56 мошин 17 нафар ба ҳалокат расиданд
↧