Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Дар Мозамбик бар асари таркиши мошини бензинкаш беш аз 70 нафар ҷон бохтанд

$
0
0

Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мозамбик бар асари таркиши мошини бензинкаш беш аз 70 нафар ҳалок гардида, теъдоди осебдидагон ба даҳҳо нафар мерасад. Дар ин бора агентии «Рейтер» бо такя ба ҳукумати ин кишвар хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи фавқулодда 17 ноябр дар наздикии марз бо Малавӣ рух додааст. Мошини бензинкаши аз бандари Бейра ба ин кишвар ҳаракаткунанда чаппа шуда, таркиш ба амал омадааст. Дар бораи сабабҳои садама то ҳол иттилоъ нарасидааст.
Чанде пеш дар бораи ҳалокати 43 нафар ва захмӣ шудани 100 каси дигар маълумот расида буд.
Ёдовар мешавем, 1 июни соли 2015 дар шаҳри Онитшаи Нигерия мошини бензинкаш ба садама дучор шуд, ки бар асари он 70 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>