Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 47-солаи шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир шуд.
Номбурда 14-уми феврал дар ҳолати мастӣ дар назди дӯкони фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, воқеъ дар дохили боғи марказии ноҳия бо сокини 54-солаи ҳамин шаҳр, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, муноқиша карда, бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа, сокини 54-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Доир ба ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ идома дорад.