Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28596

Маликшо Неъматов бо доктор Аҳмет Байрактар оид ба имконоту захираҳои иқтисодӣ ва фазои сармоягузории Тоҷикистон субат кард

$
0
0

Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябри соли равон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо директори генералии Намояндагии Палатаи тиҷорат ва саноати Туркияву Олмон ҷаноби доктор Аҳмет Байрактар баргузор шуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, зимни суҳбат Сафир Маликшо Неъматов оид ба имконоту захираҳои иқтисодии кишвар, фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи соҳибкорони Туркияву Олмон маълумоти муфассал ироа дошт.
Дар навбати худ ҷаноби доктор Аҳмет Байрактар омодагии худро барои дар якҷоягӣ бо Сафорат дар ташвиқу тарғиби лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва расонидани маълумотҳо оид ба имкону захираҳои сармоягузории Тоҷикистон дар доираи ҷомеаи иқтисодии Туркияву Олмон изҳор дошт.
Суҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми якдигарӣ баргузор гардид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28596

Trending Articles