Душанбе, 03.11.2016 / АМИТ «Ховар» /. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар бораи ҷорӣ намудани танаффуси башардӯстонаи навбатӣ дар Ҳалаб қарор қабул кард. Низоми оташбас дар шаҳри мазкур рӯзи 4 ноябр аз соати 09:00 то соати 19:00 вақти маҳаллӣ амал мекунад. Дар ин бора сардори ситоди кулли Русия Валерий Герасимов хабар дод.
Ба гуфтаи Герасимов, ин қарор ба хотири «пешгирии талафоти беҳуда» бо супориши президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қабул карда шуд. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки танаффуси башардӯстона бо роҳбарияти Сурия мувофиқа гардидааст.
«Ҳамаи долонҳои башардӯстонаи қаблан аз ҷониби Маркази мусолиҳаи Русия дар Ҳалаб омодашуда барои баромади аҳолии осоишта ва ҷангиён амал мекунанд», — илова кард В. Герасимов.
Танаффуси башардӯстона дар Ҳалаб аз 20 то 22 октябр амал карда буд. Барои баромадан аз шаҳр низомиёни Русия ва Сурия 8 долон 6- то барои сокинони осоишта ва 2-то барои ҷангиён ташкил карда буданд. Террористон аз тарк кардани мавқеъҳои ишғолнамудаашон даст кашида, бо таҳдиди марг баромадани сокинонро манъ намуданд.
Неруҳои давлати Сурия ҳамла ба ҷануби Ҳалабро 23 октябр аз сар гирифта, тавонистанд, ки баландиҳо ва иншооти муҳимро зери назорат гиранд.
↧
Русия дар Ҳалаб танаффуси башардӯстонаи навбатӣ ҷорӣ мекунад
↧