Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ким Бён Ҷун сарвазири нави Кореяи Ҷанубӣ таъйин гардид. Дар ин мансаб ӯ Хван Гё Анаро иваз кард. Дар ин бора «Russia Today» бо истинод ба агентии «Рёнхап» хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамзамон Ким Бён Ҷун Вазорати амнияти ҷамъиятиро низ роҳбарӣ менамояд. Ҳамчунин Иим Ҷон Юн, ки қаблан Комиссияи хадамоти молиявиро роҳбарӣ мекард, вазири молия таъйин карда шуд.
«Тағйироти кадрӣ дар заминаи ҷанҷолҳо дар атрофи президенти ин кишвар Пак Кин Хе сурат гирифт», — омадааст дар иттилоияи агентии «Рёнхап».
Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки яке аз наздикони президент Тсой Сун Сил метавонист ғайриқонунӣ ба корҳои давлатӣ дахолат кунад ва алоқаашро бо роҳбарияти мамлакат дар мақсадҳои ғаразнок истифода намояд.
↧
Ким Бён Ҷун сарвазири нави Кореяи Ҷанубӣ таъйин гардид
↧