Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе дар Вена ҷаласаи кишварҳои аъзои ОПЕК оид ба масъалаи эҳтимолияти коҳиш додани истихроҷи нафт бо иштироки 6 кишвари тавлидкунандаи ғайриаъзои созмон баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои аъзои ОПЕК зимни якчанд ҷаласаҳои охир дар Вена доир ба маҳдудияти ҳаҷми истихроҷи нафт, вақте нархи он дар сатҳи паст қарор дошт, ба тавофуқ нарасиданд.
Тавре ки дар изҳороти ҷамъбастӣ гуфта мешавад, мулоқот судманд буд, вале дар бораи ба тавофуқ расидан оид ба маҳдудияти истихроҷи нафт иттилоъ нарасид.
Дар охири моҳи ноябр боз як ҷаласаи дигари ОПЕК дар сатҳи вазирон, ки барои ба тавофуқи дахлдор расидан кӯшиш менамояд, баргузор хоҳад шуд.
↧
Кишварҳои аъзо ва ғайриаъзои ОПЕК эҳтимолияти коҳиш додани истихроҷи нафтро баррасӣ карданд
↧