Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28784

Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону мутахассисони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун

Душанбе, 29.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ бо роҳбарону мутахассисон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони кишварро бо оғози корҳои бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният гуфта, ин санаро рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон маънидод карданд.

Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди неругоҳи барқи обии Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун роҳи асосии расидан ба истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияту афзалияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун таъкид намуданд, ки иншооти “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида низ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. Халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо кулли кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус, обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондааст — таъкид доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори умедворӣ карданд, ки тамоми масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва ба манфиати халқҳоямон ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо оғози корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муборакбод гуфта, ҳамаи дастовардҳо дар самти рушди соҳаи энергетика ва умуман, дар бахшҳои ҳаётан муҳимро аз самараи истиқлолият маънидод карданд.

Image may be NSFW.
Clik here to view.
30638622195_1088215968_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30006878414_b8488de1cf_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30004920503_dce6bfc750_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30338844950_6a0a3b562c_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30004876263_5a2a3ce6a1_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30338876740_cb68b85727_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30521967222_6ae56146fc_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30638709455_e49e0b2036_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30338894980_f5d0a07db7_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30338880580_10f3f2e5a3_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30550653011_634d6963ac_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30338858480_907d4585d6_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30550659981_ed4b3a5f8d_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30550702071_0d77b18721_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30550664721_e70cfa3f0a_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30521943582_b4fb81e024_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30638685295_046fd9c6ef_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30638697425_7629b4667f_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30004868853_1e9ec34cef_z
Image may be NSFW.
Clik here to view.
30521867632_f662b1e0ba_z

Viewing all articles
Browse latest Browse all 28784

Trending Articles