Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Муваффақшавӣ ба тарзи ҳаёти солим

Душанбе, 29.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҳфил оид ба тарзи ҳаёти солим ва солимии наврасону ҷавонон дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Он аз ҷониби Хазинаи аҳолии СММ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маориф ва дигар мақомоти салоҳиятдор доир шуд. Дар он намояндагони Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тафсири ин барнома дар доираи семинари дастурдиҳӣ 26 октябр дар Раёсати маорифи вилоят бо иштироки омӯзгорони фанни биологияи синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфта, он то 30 октябр идома меёбад. Китоби «Тарзи ҳаёти солим», ки барои муаллимон ва хонандагони синфҳои 10-11 таҳия гардидааст, ба наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро меомӯзонад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Trending Articles