Душанбе, 28.10.2016 / АМИТ «Ховар»/. Президенти Курдистони Ироқ Масъуд Барзанӣ эълон дошт, ки дар сурати нигоҳ доштани суръати кунунии ҳамла ба Мосул метавон онро ба ҳадди зиёд дар давоми се моҳ аз террористони гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) озод кард.
«Мо тавонистем, ки ҳамлаҳоро ба шаҳр баргардонем ва то чӣ андоза дар худи шаҳр сахт мудофиа кардани ДИ маълум нест. Ва мо мушоҳида менамоем, ки онҳо садҳо нафар маргталаб доранд ва он ҷо эҳтимол корхонаҳои зиёди истеҳсоли маводи тарканда аст. Ҳангоми ҳамла ин метавонад хатари калон ба бор орад. Агар ҳамааш минбаъд чунин идома кунад, фикр мекунам, ки шаҳрро метавон на дертар аз се моҳ озод кард», — гуфт Барзанӣ дар мусоҳиба ба рӯзномаи «Bild».
Ӯ зикр намуд, ки дастаҳои худмуҳофизати нерӯҳои «пешмарга»-и курдӣ дар ҳамла ба худи шаҳр иштирок намекунанд, чунки онҳо бо Бағдод ва эътилофи байналмилалӣ созишнома доранд.
«Хуб мешуд, агар ба шаҳр артиши Ироқ дарояд, то пеши роҳи сар задани низоъ миёни аҳолии араб ва курд гирифта шавад. Вале агар аз мо хоҳиш кунанд ва созишномаи нав ба имзо расад, албатта, мо кумак мерасонем ва ба ин омодаем», — илова кард ӯ.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҳудуди Курдистони Ироқ 1,8 миллион гуреза қарор доранд ва илова бар ин эҳтимол то як миллион нафар аз Мосул оянд.
Шаби 17 октябр сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ дар бораи оғоз гардидани амалиёти ҳарбӣ оид ба озоднамоии Мосул аз ҷангиёни ДИ эълон кард. Артиш ва полиси Ироқ ва дастаҳои курдӣ бо дастгирии неруҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ ҳамлаи дастаҷамъонаро ба шаҳр оғоз карданд.
↧
Масъуд Барзанӣ: на дертар аз се моҳ Мосул озод хоҳад шуд
↧