Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Иртиботи байнифарҳангӣ дар замони ҷаҳонишавӣ

Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 октябр соати 12-00 дар Осорхонаи фарҳaнги мусиқии З. Шаҳидӣ дар мавзӯи «Иртиботи байнифарҳангӣ дар замони ҷаҳонишавӣ» маҳфил баргузор мегардад.
Тавре ки аз Раёсати осорхона иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории маҳфил- муайян намудани захираи илмӣ-фарҳангии миллӣ ва роҳҳои истифодаи он дар паҳнои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар барнома фарҳангшиносони ватанӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Ҳоҳишмандон имкон доранд дар ин ҳамоиш иштирок намуда, дар эҷоди ҳусни тафоҳуми фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ саҳм гузоранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles