Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

ДИ 9 нафар ҷангиёнашро дар Мосул зинда ба зинда оташ зад

Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон- «Давлати исломӣ» 9 нафар ҷангиёнашро барои кӯшиши фирор аз минтақаҳои ҷангии Мосул ба қатл расонд. Дар ин бора «Интерфакс» бо такя ба нашрияи «Iraqi News» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои нашрия, маҳкумшудагонро зинда ба зинда оташ заданд. Дасту пои онҳоро баста, ба даруни хандақи пур аз нафти оташгирифта партофтаанд.
17 октябр Ироқ амалиёти озоднамоии Мосулро, ки истеҳкомоти асосии ҷангиён дар ин кишвар маҳсуб мешавад, оғоз кард. Ҷангиён барои халал расондан ба парвози тайёраҳои эътилофи байналмилалӣ ва иктишофи ҳавоӣ дар атрофи шаҳр хандақи паҳноияш 3 м. ва чуқуриаш баробари қади одам кофта, онро бо нафти хом пур карданд. Террористонро маҳз дар ин хандақ, ки кӯшиши номуваффақи наҷот ёфтан аз шаҳри муҳосирашударо доштанд, қатл карданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28679

Trending Articles