Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Юйлини музофоти Шэнсии Чин бар асари таркиш дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ на кам аз 10 нафар ҳалок гардида, 150 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, биное, ки дар он таркиш рух дод, пурра хароб гардид. Ҳамчунин дигар биноҳои наздик, аз ҷумла беморхона ва мошинҳои дар наздикӣ таваққуфкарда хисорот дидаанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, эҳтимол ба таркиш таркидани маводи тарканданда, ки ғайриқонунӣ дар таҳхонаи бино нигоҳ дошта мешуданд, боис шуда бошад. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон корро идома медиҳанд.
↧
Чин: бар асари таркиш 10 нафар ҳалок ва 150 каси дигар маҷрӯҳ гардиданд
↧