Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 24 октябр Департаменти давлатии ИМА ҳамватанонашро ҳушдор дод, ки хатари таҳдидҳои террористӣ дар Туркия ҳанӯз ҳам баланд аст.
«Департаменти давлатӣ ҳушдор додани шаҳрвандони ИМА-ро доир ба таҳдиди баланди гурӯҳҳои террористӣ дар Туркия идома медиҳад. Шаҳрвандони Амрико бояд аз сафар ба қисмати ҷанубу шарқии Туркия худдорӣ намоянд ва хатарҳои вобаста ба сафарҳоро ба тамоми кишвар бодиққат омӯзанд», — гуфта мешавад дар огоҳинома.
Дар он ҳамчунин зикр шудааст, ки эҳтимоли ба амал омадани ҳамлаҳои нав дар Туркия дар ҷараёни чорабиниҳои асосӣ, дар минтақаҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, ибодатгоҳҳо, автобусҳо, пулҳо, фурудгоҳҳо, метро ва бандарҳои баҳрӣ вуҷуд дорад.
«Ифротгароён ҳамчунин таҳдид карданд, ки шаҳрвандони ИМА ва кишварҳои Ғарбро дуздида, ба қатл мерасонанд», — омадааст дар огоҳинома.
Департаменти давлатӣ ба ҳамватанонаш тавсия додааст, ки ба хотири амният зарурати сафарро ба Туркия бодиққат омӯзанд ва боэҳтиёт бошанд.
↧
Департаменти давлатии ИМА аз таҳдиди баланди террористӣ ҳушдор дод
↧