Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дар вилояти Суғд таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ хуб ба роҳ монда шудааст

$
0
0

Душанбе, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар/.  Соли равон тибқи нақшаи Барномаи «Соли 2016-соли фарди солим» дар муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба маблағи 5,4 млн сомонӣ  ба истифода додани 23 иншооти тандурустӣ пешбинӣ гардида буд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва ба тариқи ҳашар дар 44 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи 12,3 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудаанд, ки аз нақшаи дар барнома пешбинигардида 2,3 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамзамон тибқи нақшаи барнома дар 182 иншоот ба маблағи зиёда аз 19 млн. сомонӣ корҳои таъмиру тармим иҷро карда шудаанд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles