Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Амрико истифодаи яроқи кимиёиро аз ҷониби ҷангиёни ДИ тасдиқ кард

Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Директори Хадамоти марказии иктишофии Амрико (СРУ) Ҷон Бреннан иттилоъ дод, ки бино ба маълумоти иктишофии Амрико ҷангиёни «Давлати исломӣ» барои истеҳсоли яроқи кимиёӣ имкон доранд ва онро аллакай дар Сурия ва Ироқ истифода кардаанд. Дар ин бора INTERFAX.RU иттилоъ медиҳад.
«Мо чанд мисол дорем, ки ДИ чи гуна яроқи кимиёиро дар майдони ҷанг истифода кардааст»,- гуфт Ҷон Бреннан.
Ба гуфтаи ӯ, «иттилое мавҷуд аст, ки ДИ ба истеҳсоли яроқи кимиёӣ ва лавозимоти ҷангӣ, ки онро метавонанд истифода баранд, дастрасӣ дорад».
Ҷ. Бреннан ҳушдор дод, ки ДИ метавонад ба содироти яроқи кимиёӣ ба Ғарб барои дарёфти воситаҳои молӣ талош кунад.
Бино ба маълумоти Хадамоти марказии иктишофии Амрико, ҷангиёни ДИ метавонанд миқдори ками моддаҳои заҳролудкунандаро, ба монанди хлор ва иприт, ки дар лавозимоти ҷангии кимиёвӣ истифода мешаванд, истеҳсол кунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles