Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфони «Сарика» чун тундбоди тропикӣ соҳили ҷанубии Чинро фаро гирифт.
«Он дар минтақаи шаҳри Дунсян (ноҳияи мухтории Гуанси-Чжуан) ба хушкӣ баромад. Суръати шамол дар маркази тӯфон то 90 километр дар як соатро ташкил медиҳад», — иттилоъ медихад агентии Синхуа.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷазираи Хайнан, ки ба он ҷо тӯфони «Сарика» дар оғози ҳафта омада буд, зиндагӣ ба маҷрои муқаррарӣ бармегардад. Фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии «Мэйлан»-и шаҳри Хайкоу маркази маъмурии музофот аз сар гирифта шуд. Хадамоти паромӣ (киштии гузора) байни ҷазираи Хайнан ва қитъа боз ба роҳ монда шуд.
Мақомоти Хайнан хисороти 62 маҳали аҳолинишини зериобмондаро ҳисоб мекунанд. 15 ҳазор гектар зери об мондааст. Хисороти бевоситаи иқтисодии ҷазира 570 млн. юан (85 млн доллар) ро ташкил дод.
↧
Tӯфони «Сарика» даҳҳо маҳали аҳолинишинро дар ҷазираи Хайнан зери об кард
↧