Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Таҳлили масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ дар китоби нави Зафар Сайидзода

$
0
0

Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар нашриёти «Контраст»-и Душанбе ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Китоби мазкур ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз 608 саҳифа ва бобҳои «Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон», «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ» ва «Густариши ахлоқи миллӣ ва гиромидошти забони модарӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ» иборат аст.
kitobi-z-sajidzodaИн китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он бахшида шудааст. Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Зафар Сайидзода муаллиф, мураттиб ва муҳаррири зиёда аз 70 китоб ва мақолаҳои зиёд оид ба масъалаҳои фалсафа, забон, сиёсатшиносӣ, таърихи навтарин ва фарҳанги иттилоотии Тоҷикистон мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>