Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Ҳайатҳои Русия ва ИМА масоили иҷрои созишнома оид ба коҳиши силоҳҳои стратегиро дар Женева муҳокима намуданд

Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 5-18 октябр ҳайатҳои Русия ва ИМА масоили вобаста ба иҷрои созишнома оид ба коҳиши силоҳҳои стратегиро муҳокима намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия хабар медиҳад.
«Рӯзҳои 5-18 октябр дар Женева иҷлосияи дувоздаҳуми Комиссияи машваратии дуҷониба доир ба Созишномаи Русия ва Амрико оид ба коҳиши силоҳҳои стратегӣ баргузор гардид. Ҳайатҳои Русия ва ИМА баррасии масоили амалии вобаста ба иҷрои Созишномаро идома доданд», — зикр шудааст дар хабарномаи ВКХ Русия.
Созишномаи нав оид ба коҳиши силоҳҳои стратегӣ 8 апрели соли 2010 дар Прага аз ҷониби президентҳои Русия ва ИМА имзо шуда буд ва 5 феврали соли 2011 баъди дар Думаи давлатӣ ва Конгресс ба тасвиб расиданаш эътибори қонунӣ пайдо кард.
Муҳлати амали созишнома 10 сол мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>