Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28632

Путин ва Эрдуғон буҳрони Сурия ва амалиёт дар Мосулро баррасӣ карданд

Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суҳбати телефоние, ки бо ташаббуси ҷониби Туркия шоми 18 октябр сурат гирифт, доир ба масоили ҳалли буҳрони Сурия ва амалиёти озоднамоии шаҳри Мосули Ироқ табодули афкор намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар дод.
«Аз ҷониби Русия, аз ҷумла муҳимияти таъмини босамари ҷудошавии гурӯҳҳои «пешмарга»-и мухолиф аз ҷангиёни гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигар гурӯҳҳои террористии бо он алоқаманд таъкид карда шуд», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Ҳамчунин дар он омадааст: «дар ҳошияи музокироти сатҳи олии Русияву Туркия, ки 10 октябр дар Истанбул доир шуд, президентҳои ҳар ду кишвар рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ғайраҳо баррасӣ карданд».
«Мувофиқа шуд, ки робитаҳоро дар самти мушкилоти дуҷониба ва минтақавӣ дар сатҳҳои гуногун идома диҳанд», — зикр шудааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти Кремл.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28632

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>