Душанбе, 13.10.2016 / АМИТ «Ховар» /. Тӯфони тропикии «Никол» дар Уқёнуси Атлантика то ба хатари категорияи сеюм шиддат ёфт. Дар ин бора ТАСС бо такя ба Маркази миллии ИМА оид ба омӯзиши тӯфонҳо иттилоъ медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир тӯфон дар километри 335-уми самти ҷанубу ғарби ҷазираҳои Бермуд ҷойгир буда, суръати шамол ба 185 километр дар як соат баробар аст.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон, тӯфон ба самти шимолу шарқ баргашта, метавонад рӯзи панҷшанбе бештар шиддат ёбад. Интизор меравад, ки офати табиӣ рӯзи панҷшанбе аз ҷазираҳои Бермуд мегузарад.
↧
Тӯфони «Никол» то хатари категорияи сеюм шиддат ёфт
↧