Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Маҷмаи Умумӣ Антонио Гутерришро Дабири кулли нуҳуми СММ таъйин мекунад

$
0
0

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмаи Умумии СММ имрӯз, 13 октябр масъалаи таъйин намудани собиқ сарвазири Португалия Антонио Гутерришро ба ҳайси Дабири кулли навбатии созмони ҷаҳонӣ баррасӣ мекунад. Дар ин бора агентии ТАСС хабар медиҳад.
Дар ҷаласа қатъномае, ки тибқи он сиёсатмадори португалӣ роҳбари маъмурии созмон ба муҳлати аз 1 январи соли 2017 то 31 декабри соли 2021 таъйин карда мешавад, баррасӣ мегардад.
Барои қабул гардидани санад бояд аз се ду ҳиссаи кишварҳои аъзои СММ (193 кишвар аъзои СММ мебошад), ки намояндагонашон дар толор ҳузур хоҳанд дошт, овоз диҳанд. Рӯзи сешанбе, раиси Маҷмаи Умумии СММ дар номаи ирсолнамудааш ба намояндагиҳои дипломатии кишварҳо изҳори умедворӣ намудааст, ки қатънома якдилона қабул хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки 19 октябр бо иштироки Дабири кулли интихобшуда мулоқоти ғайрирасмӣ мегузаронад, ки дар он ҳамаи давлатҳо метавонанд сухан гӯянд.
Чунон ки рӯзи чоршанбе намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стеффан Дюжаррик ба рӯзноманигорон изҳор дошт, пас аз овоздиҳӣ Гутерришро Пан Ги Мун қабул мекунад. Ӯ ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласаи Маҷмаи Умумӣ нағз мегузарад. Ҳафтаи гузашта Пан Ги Мун зикр кард, ки Гутерришро хуб медонад ва интихоби ӯро қарори беҳтарин меҳисобад. «Ман мехостам, ки бо ӯ кор кунам ва ба ӯ муваффақиятҳо орзумандам», — гуфт роҳбари маъмурии СММ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>