Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Ташаббуси Шавкат Мирзиёев барои таъсис додани минтақаи озоди иқтисодӣ дар Самарқанд

Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон минтақаи нави озоди иқтисодӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафари кории худ ба Самарқанд изҳор кардааст.
Мувофиқи иттилоии сомонаи «UzReport», ҳоло дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 19 корхонаи муштарак бунёд ва 1200 коргар аз ҳисоби сокинони маҳалӣ ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Дар шаҳри саноатии мазкур қолинҳо, тафдонҳои барқӣ, зарфҳои пластикӣ, ширеш, нахи синтетикӣ ва дигар намудҳои маҳсулот бо истифода аз ашёи хоми саноатии маҳал истеҳсол ва ба хориҷ бароварда мешаванд. Танҳо соли гузашта содироти маҳсулоти саноатӣ аз ин шаҳр 10 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Бо таъсис додани минтақаи озоди иқтисодии Ургут дар назар дошта шудааст, ки соли 2017 зиёда аз 75 лоиҳаи иқтисодӣ татбиқ гардида, 3 ҳазору 400 ҷойи нави корӣ созмон дода мешавад.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон се минтақаи иқтисодӣ- минтақаи саноатӣ-иқтисодии «Навоӣ», минтақаи махсуси саноатии «Ангрен» ва минтақаи саноатии «Ҷиззах» фаъолият доранд.
Хотиррасон мешавем, ки Шавкат Мирзиёев ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар интихоботи ғайринавбатии президентии ин кишвар номзад пешбарӣ шудааст.
Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи иттилои раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон 4-уми декабри соли равон баргузор мешавад.
Дар интихобот дар баробари иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон, ҳамчунин номзадии Сарвар Отамуродов (номзад аз ҳизби демократӣ), Наримон Умаров (номзад аз ҳизби сотсиал-демократӣ) ва Ҳотамҷон Кетмонов (номзад аз ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон) пешбарӣ шудаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>