Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

«Конек-Горбунок»-и Театри лӯхтаки «Сказ»-и Русия ба Тоҷикистон омад

$
0
0

Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябри соли равон дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Конек-Горбунок» — и Театри лӯхтаки «Сказ» -и вилояти Новокузнетски Федератсияи Русия баргузор гардид.
Намоиши «Конек — Горбунок» аз рӯи асари Петр Ершов омода гардида, дар як рӯз се маротиба манзури тамошобинони хурдсол ва наврас гардонида шуд.
Ҳадаф аз баргузор намудани намоиши мазкур- ин таҳкими робитаҳои фарҳангиву театрӣ байни кишварҳо буда, гуфтушунид оид ба сафари ҳунарии Театри лӯхтаки «Сказ»-и вилояти Новокузнетскии Федератсияи Русия зимни баргузории Фестивали байналхалқии театрҳои лӯхтак- «Чодари хаёл» сурат гирифта буд.
Баргузории намоиши «Конек — Горбунок» то 21 октябр идома ёфта, он дар як рӯз се маротиба манзури тамошобинон мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>