Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Ба сокинони Ҳалаб 27 тонна бори башардӯстонаи Арманистон-Русия интиқол гардид

$
0
0

Душанбе, 10.10.2016 / АМИТ «Ховар» /. Тибқи бюллетени Маркази Русия оид ба оштии тарафҳои даргир дар Сурия, ки дар сомонаи вазорати дифои ФР ба нашр расидааст, ба сокинони камбизоати яке аз минтақаҳои Ҳалаби Сурия кумаки башардӯстона расонида шуд.
«Дар доираи амали башардӯстонаи Русия- Арманистон дар наздикии минтақаи Ҷаббори шаҳри Ҳалаби Сурия ба сокинони камбизоат 27 тонна кумаки башардӯстона интиқол гардид», — иттилоъ доданд аз Вазорати дифои ФР. Дар санад гуфта мешавад, ки «Барои ғайринизомиёне, ки таҳти назорати гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии минтақаҳои шаҳри Ҳалаб қарор доранд, нуқтаҳои маводи гарми ғизоӣ ва ашёи мавриди ниёзи аввалия ба кори худ идома медиҳанд».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>