Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни тӯфони «Мэтю» дар Ҳаити ба 1000 нафар расид. Дар ин бора рӯзи душанбе, 10 октябр агентии «Рейтер» бо такя ба изҳороти мақомоти маҳаллӣ хабар медиҳад.
Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки бар асари дафни оммавӣ дар кишвар вабо сар зад, ки боиси марги 13 нафар гардид. Мақомот барои қурбониёни офати табиӣ мотами серӯза эълон карданд. Рӯзи якшанбе дар ин кишвар бояд интихоботи президентӣ ва парлумонӣ доир мегардид, вале дар робита ба омадани тӯфон овоздиҳӣ ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Дар иртибот ба ин, Шӯрои муваққатии интихоботи Ҳаити ваъда дод, ки санаи нави интихоботро то 12 октябр эълон медорад.
↧
ВАО: теъдоди қурбониёни тӯфони «Мэтю» дар Ҳаити ба 1000 нафар расид
↧