Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтон 7 октябр бо иштироки ҳайати расмии кишвар вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Латипов, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Бунёди Байналмилалии Асъор Илҳом Раҷабов Шӯрои тиҷоратии ШМА-Тоҷикистон ҷаласаи аввалини худро барпо намуд.
Директори бахши робита бо ҷомеа ва рушди тиҷорати байналмилалии ширкати кишоварзии «AGCO», раиси Шӯрои мазкур Филип де Леон, ёвари намояндаи тиҷоратии ШМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ-Майкл Делейн, менеҷери калони байналмилалии тиҷоратӣ ва сармоягузории ширкати «General Electrics», ноиби раиси Шӯро — Орит Френкел, мушовири калони ширкати «Baker & McKenzie», намояндагони котиботи давлатӣ, департаменти тиҷорат, департаменти кишоварзии ШМА ва ширкатҳои тиҷоратии ШМА дар чорабинии ифтитоҳии Шӯрои тиҷоратии мазкур иштирок намуданд.
Ҳайати расмии кишвар зимни чорабинӣ ба намояндагони доираҳои тиҷоратии ШМА оид ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ, кафолатҳо барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои муҳими иқтисодиёт маълумоти муфассал манзур намуданд. Ҷонибҳо таъсиси Шӯрои мазкурро барои густариши ҳамкории тиҷоратӣ миёни ШМА ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати вусъат додани фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ изҳор намуданд.
↧
Ҷаласаи аввалини Шӯрои тиҷоратии ШМА-Тоҷикистон дар Вашингтон
↧