Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 08.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Абдулғафур Орзу мулоқот кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф ва нақлиёту коммуникатсияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи омӯзиши мутахассисон ва ҷавонони Афғонистон дар муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.
Абдулғафур Орзу аз номи Ҳукумати Афғонистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии Афғонистон дар Брюссел 4-5 октябри соли 2016 ва ҷонибдории Тоҷикистон аз талошҳои созандаи байнламилалӣ ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвараш изҳори сипос намуд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>