Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои давлатии Афғонистон шаҳри шимолии Қундузро, ки аз ҷониби Толибон қисман тасарруф шуда буд, ба зери назорати худ баргардонданд. Бино ба гузориши бахши русии Би-Би-Си ҷангиён вориди маркази шаҳр гардида, он ҷо парчами худро барқарор карданд. Намояндагии НАТО тасдиқ кард, ки пулиси афғон шаҳрро назорат мекунад. Муҳорибаҳо дар наздикии қароргоҳи пулиси маҳаллӣ ва ҳокими музофоти Қундуз идома доранд.
«Associated Press» бо истинод ба вазорати умури дохилии Афғонистон хабар медиҳад, ки ҳадди ақал як корманди пулиси афғон ба ҳалокат расид ва чаҳор тани дигар маҷруҳ шуданд. Дар Пентагон чунин меҳисобанд, ки ҳамлаи Толибон ба андозае, ки интизор доштанд, ҷиддӣ набуд.
Сухангӯи Вазорати мудофиаи ИМА Ҷефф Дэвис зикр кард, ки тавонистанд ҷангиёнро ба зудӣ ақиб андозанд. Қаблан сухангӯи Толибон дар саҳифаи худ дар Twitter навишта буд, ки ҷангиён дар Қундуз дар чор самт ба ҳуҷуми бузург шурӯъ мекунанд.
Толибон сентябри соли гузашта кӯшиши тасарруфи Қундузро карда буданд. Он замон низомиёни афғон ва пулис танҳо баъди чор рӯз тавонистанд онҳоро ақиб нишонанд. Толибон ин амали худро муваффақияти бузург номиданд.
Аз Қундуз якчанд роҳҳои муҳими стратегӣ мегузаранд ва худи музофот бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Аҳолии шаҳр зиёда аз 100 ҳазор нафар мебошад.
↧
Артиш ва пулиси Афғонистон шаҳри Қундузро таҳти назорати худ дароварданд
↧