Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28621

Варзишгарони шаҳри Душанбе ғолиби Мусобиқаи акробатикаи варзишӣ ва ҷаҳиш гардиданд

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат- 1-2 октябри соли равонӣ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акробатикаи варзишӣ ва ҷаҳиш дар батут баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа зиёда аз 60 нафар варзишгарон аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карда, қувва озмуданд.
Бо ба даст овардани бештари имтиёзҳо варзишгарони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал, дастаи Хатлон соҳиби ҷойи дуюм гардида, варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро касб намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28621

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>