Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Дар шаҳри Кӯлоб барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ шурӯъ шуданд

Душанбе, 01.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ оғоз гардиданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шоҳмот, шашка, футболи хурд, волейбол ва тенниси рӯи миз бо шавқу рағбати зиёд ҷараён гирифта, баёнгари тарзи ҳаёти солими насли ояндасози миллат мебошад.
Дар ҷараёни мусобиқаҳо ҳар яке талош бар он дорад, ки ғолиби он гардида, дар ин намуди варзиш беҳтарин бошад.
Ҷавонону наврасон бо азму иродаи қавӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ изҳор менамоянд, ки ҳамчун як ҷавони бофарҳанг, бо нангу номус ва соҳибтамаддун саҳми худро барои пешрафту тараққиёт ва рушду нумӯи кишвар мегузоранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Trending Articles