Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Маликшо Неъматов бо Марек Сиолковский оид ба муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Лаҳистон суҳбат кард

$
0
0

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафар ба Ҷумҳурии Лаҳистон ҷиҳати супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон Маликшо Неъматов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Марек Сиолковский мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Лаҳистон ва дурнамои онхо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо баргузории давраи навбатии ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодиро муҳим арзёбӣ карда, хостори идомаи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар гардиданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Марек Сиолковский ба Сафири навтаьйини кишвар дар Ҷумҳурии Лаҳистон ҷиҳати густариши ҳарчи бештари муносибатхои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар комёбӣ орзу намуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>