Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Туркия рӯзи чоршанбе таҳти раёсати президенти кишвар Тайип Эрдуғон доир гашт. Дар он тамдиди ҳолати фавқулода, ки барои се моҳ ҷорӣ гардида буд, (баъди кӯшиши табаддулоти 16 июл) пешниҳод карда шуд. Бино ба иттилои РИА «Новости», дар баёнияи хаттӣ баъди ҷамъбасти ҷаласа гуфта мешавад, ки «Бо мақсади таъмини идомаи истифодаи босамари тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандони мо, демократия ва асосҳои давлати ҳуқуқбунёд тасмим гирифта шуд, ки бо пешниҳоди тамдиди ҳолати фавқулода муроҷиат карда шавад».
Бояд зикр намуд, ки Шӯрои амнияти Туркия низ барои идомаи амалиёти НҲ Туркия дар шимоли Сурия «Сипари Евфрот» бо мақсади ҳифзи марзҳо, ҳамчунин барои эҷоди минтақаҳои амниятӣ ва минтақаҳои бидуни парвоз ризоият додааст.
↧
Дар Туркия пешниҳод гардид, ҳолати фавқулода, ки баъди кӯшиши табаддулот ҷорӣ шуда буд, тамдид карда шавад
↧