Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

«Хуҷанд» бар дастаи «Регар-ТадАЗ» ғолиб омад

$
0
0

Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дастаи   футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозӣ шоми  дирӯз  дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Голҳоро Дилшод Бозоров ва Манучеҳр Аҳмадов ба  ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали чорякниҳоӣ дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар  дастаи   «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:1  пирӯз шуда буд. Вале аз ҳисоби голи дар меҳмонӣ задааш дастаи «Хуҷанд» ғолиби ин ҷуфт дониста шуд ва муборизаро барои Ҷоми Тоҷикистон идома медиҳад. Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 чаҳор дастаи лигаи олӣ ширкат меварзанд. Бозиҳои аввали нимниҳоӣ 1-уми октябр миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе — «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и Фархор-  «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешаванд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 бори 25-ум аст, ки барпо мешавад. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар — 6  бор  дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дастаҳои  «Истиқлол» панҷ бор ва «Хуҷанд» се бор барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Варзоб»-и Душанбе ва «Парвоз»  (собиқ «Авиатор»)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, «Помир»-и Душанбе, «Ситора»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>