Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Чин ба Либерия беш аз 100 нафар посдори сулҳ фиристод

Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои агентии «Синхуа» Чин гурӯҳи 109 нафараи посдорони сулҳро ба Либерия фиристод, ки дар давоми як сол дар намояндагии посдорони СММ ширкат меварзанд.
Бино ба маълумоти Агентӣ, дар ҳайати гурӯҳ посдорони сулҳ аз сохторҳои нақлиётӣ ва муҳандисӣ мебошанд. Онҳо ба таъмири роҳҳо ва пулҳо, дастрас намудани маводи сохтмону маводи сӯзишворӣ, инчунин борҳои байналмилалии башардӯстона машғул мешаванд.
Ин 19-умин гурӯҳи посдорон аст, ки Чин аз соли 2003 ба Либерия фиристодааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>