Душанбе, 28.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Артиши Сурия хабар дод, ки неруҳои ҳукуматӣ минтақаи истиқоматиро дар шаҳри куҳани Ҳалаб дар шимоли ин кишвар озод карданд. Дар ин бора «Синхуа» бо такя ба иттилои агентии иттилоотии Сурия «SANA» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, неруҳои ҳукуматӣ минтақаи Ал-Фарафироро дар шимолу ғарби Ҳалаби куҳан озод карданд. Дар натиҷа ҷангиёни зиёде нобуд гардиданд, ки аксарияти онҳо аъзои гурӯҳи террористии «Ҷабҳат Фатоҳ аш-Шом» ва неруҳои исёнгари «Нуриддин Аз-Зинқӣ» буданд. Ба ғайр аз ин, артиши ҳукуматӣ ба ҳадафҳои музофоти Ҳалаб ҳамлаи ҳавоӣ ворид карда, шумораи зиёди ифротгароёнро маҳв намуд ва силоҳу таҷҳизоти онҳоро нобуд сохт.
↧
Артиши Сурия дар шаҳри куҳани Ҳалаб минтақаи истиқоматиро аз тасарруфи ҷангиён берун кард
↧