Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дар Бразилия автобуси зоирин ба садама дучор шуда, чор нафар ҳалок гардиданд

$
0
0

Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои агентии EFE бар асари бархӯрди мошини боркаш бо автобуси мусофирбар дар Бразилия чор нафар нобуд гардида, 43 нафари дигар захмӣ шуданд.
Садама 26-уми сентябр дар ҳудуди иёлати Сан-Пауло рух дод. Маълум гардид, ки дар автобус зоирон аз маъбади Модархудои Апаресида бармегаштанд.
Тамоми ҷароҳатбардоштагон ба бемористонҳои ҳамсоя расонда шуданд. Бино ба иттилои манбаъ, вазъи 13 нафар вазнин арзёбӣ мешавад. Ронандаи автобус аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардид.
Сабаби садама айни ҳол номаълум аст. Полис ин ҳодисаро баррасӣ мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>