Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба муҳорибаҳои ҳарбӣ дар Ҳалаби шимоли Сурия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаи ғайринавбатӣ имрӯз соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ дар қароргоҳи СММ, дар Ню-Йорк баргузор гардид. Дипломатҳо ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид ба мухбири «Синхуа»иттилоъ доданд, ки ҷаласа бо дархости намояндагии доимии ИМА, Фаронса ва Британияи Кабир дар СММ баргузор гардид.
Намояндаи махсуси СММ оид ба танзими буҳрони Сурия Стаффан де Мистура дар ҷаласа вазъиятро бо таҳкими даргириҳои низомӣ дар Ҳалаби Сурия пешниҳод намуда, изҳори назар кард, ки шиддатёбии низоъ дар минтақа ба кумаки башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳаёти сокинони маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонад.
↧
Шӯрои Амнияти СММ оид ба вазъияти Сурия ҷаласаи ғайринавбатӣ доир кард
↧