Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Ҳадаф аз таркиш дар Будапешт полис буд

$
0
0

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои «Index», ҳадаф аз таркише, ки шаби 25-уми сентябр дар маркази шаҳри Будапешт рух дод, кормандони полис будаанд.
Сардори комиссариати асосии полиси Маҷористон Карол Папп изҳор дошт, ки садҳо кормандони полис дар ҷустуҷӯи марде ҳастанд, ки ин таркишро ташкил кардааст. Вай афзуд, ки полис дар ин ҳодиса аз ҷавони 20-25 сола гумонбар аст.
Тибқи иттилои «Газета.Ru» полис 145 камераи назоратии видеоиро таҳлил кардааст. Тафтишот дар якҷоягӣ бо Маркази мубориза бар зидди терроризм, идораи хадамоти иктишофии шаҳрвандӣ ва хадамоти мудофиаи миллӣ гузаронида мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>