Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Эътирози зиёда аз се ҳазор нафар ҷавонони Хатлон оид ба мавқеи САҲА

$
0
0

 Қӯрғонтеппа, 24.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо роҳбарии Меҳроҷ Ғуломов, як ҷавони фаъоли вилоят ва бо иштироки зиёда аз се ҳазор нафар ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва коллеҷҳо ҳамоиши эътирозӣ оид ба рафтори ноодилонаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардид.

Донишҷуён   изҳор намуданд, ки  чунин  як  ташкилоти  байналмилалӣ чӣ гуна  метавонад ҷинояткоронро дастгирӣ кунад. Агар ин  ташкилот  тарафдори тинҷиву  оромӣ бошад,  дастгирии  гурӯҳҳои чиноятпеша  чӣ  маънӣ дорад.

Ин дар ҳоле  сурат мегирад, ки  ин  гурӯҳҳо  дар  кофтукоби байналмилалӣ қарор доранд  ва  аммо  давлати Лаҳистон  (Полша)  худ  аъзои Интерпол мебошаду  онҳоро  дастгирӣ  мекунад.

Магар  Лаҳистон қудрате надорад, ки  ҷинояткоронро  дастгир  кунад?  Ба ин  рафтори  САҲА  ва  давлати Лаҳистон  чӣ гуна  баҳо  додан  мумкин  аст?

Ин  ҳам  дар  ҳолест, ки  тамоми  инсоният бар зидди  терроризму  экстремизм  мубориза  мебаранд. Аммо  баъзе  давлатҳо  ва  ташкилотҳои  байналмилалӣ  ба ҷинояткорон  дасти кумак  дароз  мекунанд  ва онҳоро  ба  ҷаласаҳои  худ  роҳ  медиҳанд.  Барои  чӣ чунин  рафтор нисбат ба дигар  давлатҳо  карда  нашудааст?

Яъне  ин  як  нақшаи тарҳрезишуда мебошад.  Яъне  ки  барои  САҲА  манфиатҳои  гурӯҳи  ҷиноятпеша  аз  тинҷиву  оромӣ дар як кишвари мустақил болотар меистад?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>